Мушкили №1. Сироҷиддин Муҳриддин онро ҳал мекунад?

Ҳоло вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Русия мушкили №1 боқӣ мондааст. Махсусан, пас аз ҳодисаи “Крокус Сити” будубоши муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия бадтар шуд. Фишору боздоштҳои тӯлонӣ ҳангоми вуруди муҳоҷирон дар фурудгоҳҳои Русия, маҳдудияти фаъолияти онҳо дар шаҳрҳои Русия, поймол шудани ҳуқуқ ва ихроҷи онҳо ба кишвар зиёд ба мушоҳида мерасад.

Умедвории вазир

Аслан, муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳамеша зери фишору таъқиби кормандони полис қарор доранд. Аммо муносибат ба онҳо якбора пас аз ҳодисаи “Крокус Сити”, ки гӯё муҳоҷирони тоҷик ҳам дар он даст доранд, бадтар шуд. Ҳарчанд аз ин қазия наздики 1 сол сипарӣ мешавад, вале то ҳол ҳукми гумонбарон содир намешавад. Мақомоти дахлдори Русия ҳам муҳокимаи парвандаи онҳоро борҳо ба таъхир мегузоранд.

Ахиран, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки пас аз ду рӯз бо сафари расмӣ ба Маскав хоҳад рафт. Дар назар аст, ки ӯ бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дидору мулоқот анҷом диҳад.

«Масъалаи муҳоҷират дар меҳвари мулоқоти мо хоҳад буд»,- гуфт вазир. Ба андешаи Сироҷиддин Муҳриддин, муҳоҷират яке аз муҳимтарин масъалаҳои гуфтугӯ миёни Тоҷикистон ва Русия дар ҳама сатҳҳо аст. «Дар умум бисёр масъалаҳо мусбат ҳал мешаванд»,- изҳор дошт Сироҷиддин Муҳриддин.
Вазир изҳор дошт, ки ҳанӯз ҳам мушкилот ҷой доранд. Ҳоло ҳам шаҳрвандони моро, ҳатто донишҷӯёнро дар фурудгоҳҳо манъ мекунанд. Аммо изҳори умедворӣ намуд, ки ин масоил ҳалли худро хоҳанд ёфт.

Вазири меҳнат, муҳоҷират чӣ гуфт?

Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳам дар робита ба вазъи будубоши муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия изҳори назар кард. Ӯ, ки ҳамагӣ як моҳ шуд дар ин вазифа фаъолият дорад, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки вазъи муҳоҷирон, махсусан дар Русия ӯро низ ба ташвиш овардааст.

“Масъалаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва дигар давлатҳо зери таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат қарор дорад. Бо дастури бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз  сафари корӣ ба Русия гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Дар ин гурӯҳ намояндагон аз ҳисоби вазорату идораҳои ду кишвар шомиланд. Тоҷикистонро дар ин ҳайат муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ роҳбарӣ намуд. Охири моҳи январи соли 2025 ин гурӯҳи 12-нафара ҷиҳати баррасии масоили муҳоҷирон дар шаҳри Маскав қарор доштанд. Онҳо дар баррасии лоиҳаи қонуни федералии Русия вобаста ба муҳоҷирон низ иштирок карданд. Яъне, дар машварати идоравӣ байни Тоҷикистону Русия масъалаи муҳоҷират низ муҳокима шуд”,- гуфт Солеҳа Холмаҳмадзода.

Роҳи ҳал кадом аст?

Қабули ин қонун ба шароити кору зиндагии муҳоҷирон, таҳсили фарзандони онҳо дар муассисаҳои таълимӣ то куҷо таъсир мерасонад, вақт нишон медиҳад. Аммо, ҳоло мушкилоти мавҷуда бетағйир боқӣ мондааст. Коршиносон ҳалли ин мушкилро бо роҳи дипломатӣ мебинанд. Мегӯянд, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таҷрибаи хуби дипломатӣ дорад ва дар сафари ба Маскав доштааш бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров ба ин масъала нукта хоҳанд гузошт. Албатта, вақт нишон медиҳад, ки ҷонибҳо ба чӣ натиҷа мерасанд. Вале хуб мешуд, ки ҷониби Тоҷикистон аз Русия иҷроиши созишномаҳоро оид ба муҳоҷират талаб намояд, то ин ки дигар муҳоҷири тоҷик зери фишори мақомоти рус қарор нагирад. Зеро ҳифзи шаъну шарафи инсон дар мадди аввал аст ва барои кайке пӯстинро набояд сӯзонд.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *