Мусодираи 10- ҳазор дона маводи пиротехникӣ

 Пулиси Душанбе Саидзода Ҳокимҷони 20 солаи сокини шаҳри Ҳисорро ҳангоми ба фурӯш гузоштани маводи тарфгарӣ  боздошт кардаанд.

Манбаъ гуфтааст, ки “зимни кофтуков аз номбурда беш аз 10-ҳазор дона маводҳои пиротехникӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд”.

Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Мақомот аз кулли шаҳрвандон, махсусан падарону модарон даъват кардааст, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд. Зеро истифодаи маводҳои тарфгарӣ оромии шаҳрвандонро халалдор сохта, фазои идонаи Соли нави мелодиро ноором месозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *