Муҷассамаи Гулназар дар ноҳияи Айнӣ. Чаро насаби Гулназар ӯзбекӣ аст?
11-уми июл зимни сафари кории Президенти кишвар ба ноҳияи Айнӣ гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ифтитоҳ шуд.
Гулгашт дар хиёбони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ доман густурда, масоҳати умумии он бо назардошти иншооти ёрирасон 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Саҳн ва атрофи он бо гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ зебо ва чароғон аст. Суҳбаткадаҳо, айвонча ва дигар инфрасохтори зарурӣ қисмҳои иловагии иншоот буда, доман густурдани он ба ҳусни маркази ноҳияи Айнӣ зебоии дигар зам менамояд.

Бисёре аз мухлисони ашъори устоди равоншод Гулназар суол мекунанд, ки аз чӣ сабаб номи хонаводагӣ (насаб)-и шоир вожаи туркӣ-ӯзбекӣ, яъне Келдӣ аст? Дар ин маврид бародари устод Гулназар равоншод Имомназар Келдиев, таърихдони шинохта, доктори улуми таърих, профессор дар китоби “Умеди мо, умеди дилҳои мо” (Ёде аз ходими шоистаи ҳизбӣ Умед Келдиев, Душанбе, 2006) чунин менависанд:
«… Падарамон Мирзоев Мирзокелдӣ (1906-1982) деҳқони асилу заҳматкаш, яке аз сарварони хоҷагии деҳқонии дастаҷамъии (колхози) ба номи Свердлови ноҳияи Айнӣ маҳсуб шуда, дар пешрафти ин хоҷагӣ саҳми калон гузоштаанд. Бояд хотирнишон кард, ки номи падари бузургворамон аз азал Камолиддин (ба ифтихори номи бобокалонашон,- шарҳи Ҷ. О.) будаасту баъдтар бо як сабаби тасодуфие эшонро Мирзокелдӣ мехондагӣ шудаанд. Чунон ки боре худи падарамон нақл карда буданд, он кас дар синни кӯдакӣ, тахминан дар синни ҳаштмоҳагиашон ба касалии сахте гирифтор мешаванду табобатҳо нафъе намерасонанд ва ҳамагон аз зинда мондани кӯдак қариб умедашонро мекананд. Бобоямон Мирзомиддин пури Хӯҷаназар, ки писарчаашонро, яъне падари моро ниҳоят дӯст медоштаанд, ба доду фиғон медароянд. Дар ҳамин вақт як турки (ӯзбеки) шиноси бобоямон, ки Келдибек ном доштааст, бо мақсади тиҷорат ба деҳаи Дардар меояду ба хонаи бобоямон меҳмон мешавад. Келдибек, ки кам-кам аз касби табибӣ ҳам хабар доштааст, фавран ба табобати кӯдаки касал мепардозад. Дар зарфи ду рӯз аҳволи кӯдак хеле беҳтар мешавад. Бобоямон аз ғояти хурсандӣ хеле ба ваҷд меоянду ба Келдибеки табиб мегӯянд: «Бародари азиз, барои аз марг наҷот додани писарчаам ман аз ту як умр миннатдор ҳастам ва ба ивази ин хизматат ҳар чӣ хоҳӣ, ман ба ту медиҳам». Табиб дар ҷавоб изҳор мекунад: “Ман кӯдакро бо салоҳдиди худованди карим табобат кардам, барои ин ман аз дӯстам ягон чиз талаб намекунам ва фақат бо мақсади ёдгорӣ мехоҳам номамро ба ҳамин кӯдак номгузорӣ кунед». Бобоямон ин хоҳиши табибро қабул менамоянд. Ва аз ҳамон дам исми падарамонро на Камолиддин, балки Мирзокелдӣ мехондагӣ шудаанд. Ин ҳодиса тақрибан баҳорони соли 1907 ба вуқуъ пайвастааст, чунки падарамон охирҳои тобистони соли 1906 ба дунё омадаанд. Бобоямон Мирзомиддин бошанд, тирамоҳи соли 1907 аз касалии илтиҳоби кӯррӯда (аппендитсит) дар синни 37-солагӣ вафот кардаанд ва падарамон аз якунимсолагӣ аз меҳру ғамхории бузургворашон бенасиб мондаанд.
Ин ҷо мехоҳем дар бораи шаҷара (насабнома)-и падариамон каме иттилоъ бидиҳем. Тибқи маълумоти писартағои падарамон Дӯстбой Мирзоқандов (1889-1968) то ба имрӯз мо аз панҷ насли (панҷ пушти) шаҷараи хонаводаи падариамон огоҳӣ дорем. Бояд таъкид кард, ки амаки Дӯстбой Мирзоқандов, ки моҳи декабри соли 1968 дар синни 79-солагӣ аз дунё гузаштаанд, хотираи қавӣ доштанду бисёр лаҳзаҳои таърихи деҳаи Дардар, шаҷараи хонаводаҳои хешовандон ва саргузашти одамони намоёни деҳаро ба хубӣ медонистанд.
Хонаводаи падариамонро дар деҳаи Дардар авлоди «мирзогиҳо» мегуфтаанд. Чун қоида, калимаи «мирзо»-ро дар аввали номи шахсони босаводу соҳибэҳтиром илова мекардаанд. Чунончи: Мирзо Шоҳрух, Мирзо Камол, Мирзо Келдӣ ва ҳоказо.
Инак, шаҷараи хонаводаи падариамон чунин аст:
1. Камолиддин (Мирзокамол) – падари яке аз аввалин бобокалонҳоямон Худойдод. Гузаштагони бобои бобоҳоямон Камолиддин ба мо маълум нест. Фақат ҳаминаш маълум, ки он кас дар асри XVIII умр ба сар бурдаанд. Мувофиқи нақли амаки Дӯстбой Мирзоқандов волидайни бобои бобоҳоямон Камолиддин аслан зодаи деҳаи Боғи Шамоли наздикии шаҳри Самарқанд будаанду бар асари фишору бедодгариҳои ҳокимони аштархонӣ охирҳои асри XVII ҳамроҳи хешовандони наздики худ ба ҷониби кӯҳистони Фалғар ҳиҷрат кардаанд ва дар деҳаи зебоманзари Дардар маскан гирифтаанд.
2. Худойдод пури Камолиддин – падари бобокалонамон Хӯҷаназар, ки дар охири асри XVIII ва нимаи аввали асри ХІХ зиндагонӣ кардаанд.
3. Хӯҷаназар пури Худойдод (1834-1905) – падари
бобоямон Мирзомиддин, яъне бобокалони мо.
4. Мирзомиддин пури Хӯҷаназар (1870-1907), наздикон ба таври кӯтоҳ Мирзо мегуфтаанд падари Мирзокелдӣ, яъне бобои мо – падари падарамон .
5. Мирзокелдӣ пури Мирзомиддин, мувофиқи ҳуҷҷатҳо Мирзокелдӣ Мирзоев (1906-1982) – падари бузургвори мо, шаш нафар фарзандонашон – Мирзоумед (Умедҷон), Хӯҷаназар (Бобоҷон), Имомназар, Наврӯзгул, Шарофат, Гулназар ва бобою бобокалони фарзандону набераҳои мо…».
Таҳияи Ҷамшед ОРИФИЁН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ