Нақшаи даъвати наваскарон аз 50% гузашт (аудио)

Нақшаи даъвати наваскарон ба сафи Артиши Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯз беш аз 50% иҷро шуд.

Сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода гуфт, ки «нақша дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳанӯз дар нахустин рӯзи даъват пурра иҷро шуд. Хушбахтона, ин вилоят тайи чанд соли охир аст, ки иҷрои нақшаро дар кишвар пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда иҷро мекунад».

Номбурда афзуд, ки тайи даҳаи аввали моҳи октябр навоҳии Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвору Лахш ва шаҳри Ҳисор низ нақшаро пурра иҷро карда, дар умум иҷрои даъват ба Артиши миллӣ дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба 62% баробар шудааст.

«Дар вилояти Хатлон иҷрои нақша 51%-ро ташкил дод, аз ҷумла ноҳияҳои Данғараву Вахш онро пурра иҷро карданд. Нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе 48 ва дар вилояти Суғд 38 дарсадро ташкил медиҳад»,- гуфт Фаридун Маҳмадализода.

Даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусалллаҳи Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли равон оғоз гардида, давоми ду моҳ идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *