На меҳмон шуду на мизбон. Чаро Қирғизистон аз машқи СААД даст кашид?

Вазорати мудофиаи Қирғизистон, ки қабули низомиёни кишварҳои СААД-ро дар қаламраваш рад кард, аз иштирок дар размоиши созмон дар Тоҷикистон низ худдорӣ намуд. Коршиносон чунин муносибати Қирғизистонро ба ҳар шева шарҳ медиҳанд.

“Сарҳад-2022”

Қирғизистон дар размоиши муштараки неруҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон иштирок нахоҳад кард. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Қирғизистон хабар додааст.

Тамриноти муштараки «Сарҳад-2022» дар Тоҷикистон дар самти тайёрӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ барои нобудсозии гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ гузаронида мешавад, ки ба қаламрави як кишвари узви СААД ҳамла кардаанд. Ба иттилои СААД, марҳилаи фаъоли размоиши мазкур дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон аз 17 то 21-уми октябр баргузор мешавад. Теъдоди умумии ширкаткунандагони машқҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 1000 нафар арзёбӣ шуда, беш аз 300 адад техникаи низомӣ ва вижа ҷалб карда мешавад. Вазифаҳои асосии Неруҳои зудамали муштарак иштирок дар рафъи таҷовузҳои берунаи ҳарбӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ арзёбӣ шудааст.

Тоҷиконро намехоҳем…

Ин дар ҳолест, ки ахиран Қирғизистон мизбонии размоиши СААД бо ҳузури неруҳои низомии Тоҷикистонро низ рад кард. Ин тамринот таҳти унвони «Бародарии осебнопазир — 2022» аз 10 то 14-уми октябр дар тамрингоҳи «Эделвейс» ба нақша гирифта шуда буданд, аммо лағв гардиданд. Ҷониби Қирғизистон сабаби лағвашонро ба афкори ҷомеа дар мавриди номақбул будани ҳузури низомиёни тоҷик дар ин размоишҳо рабт дод.

“Қирғизистон бо СААД мушкиле надорад, сабаби лағви размоишҳои ин созмон аз ҷониби Бишкек даргириҳои ахири марзӣ бо Тоҷикистон мебошанд”. Ин нуктаро муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов ба РИА «Новости» баён дошта, таъкид намудаст, ки Бишкек мушкиле бо узвият, рисолат ва оинномаи созмон надорад.

«Намешуд гӯем шумо наоеду қазоқҳо, русҳо ва белорусҳо биёед. Бинобар ин маҷбур шудем лағв кунем»,- гуфт Байсалов.

Чунин тасмими Қирғизистонро коршиносон ба ҳар шева шарҳ медиҳанд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки Қирғизистон бо чунин мавзеъгирӣ нишон медиҳад, ки бо Тоҷикистон бо роҳи сулҳ созиш карданӣ нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *