Нафақа зиёд мешавад. Аз кӣ чӣ қадар?

Аз 1-уми сентябри соли 2025 ҳамаи навъҳои нафақа – суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва заминавӣ бо назардошти 10% афзоиш (индексатсия) пардохт карда мешаванд. Ин тадбир тибқи Фармони Президенти Тоҷикистон аз 8-уми феврали соли 2025 дар доираи сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мегардад.

Андозаи нави нафақаҳо

Баъди индексатсия, андозаи нафақаҳо чунин хоҳад буд:

  • нафақаи суғуртавӣ: аз 470,57 сомонӣ ба 517,63 сомонӣ;
  • нафақаи меҳнатӣ: аз 586 сомонӣ ба 644,65 сомонӣ;
  • нафақаи иҷтимоӣ: аз 330,60 сомонӣ ба 366,66 сомонӣ;
  • нафақаи заминавӣ: аз 325 сомонӣ ба 357,50 сомонӣ;

Индексатсия аз моҳи сентябр бо маблағи нав пардохт мешавад. Ҳамзамон, тамоми пардохтҳо ба таври ғайринақдӣ тавассути «Амонатбонк» сурат мегиранд.

Тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини зиндагии шоиста ва дастгирии насли калонсол андешида мешаванд. Аз ҷумла, соли 2025 маблағгузории пардохти нафақа ба 2,485 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 632 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Омори нафақагирон

Ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 шумораи умумии нафақагирон дар кишвар 858 191 нафар мебошад. Аз ин ҳисоб нафақагирони маъюб 170 052 нафар мебошанд, ки ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд:

  • гурӯҳи I – 18 220 нафар;
  • гурӯҳи II – 83 691 нафар;
  • гурӯҳи III -33 317 нафар;
  • маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18-сола – 34 824 нафар;
  • кӯдакони ятими кулл – 1 149 нафар;
  • кӯдакони нимятим – 77 649 нафар;
  • маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) – 15 нафар;
  • иштирокчиёни ҷанг дар ақибгоҳ – 117 нафар.

Ёдовар мешавем, ки 8-уми август зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод иттилоъ дод, ки дар натиҷаи амалисозии Фармони Президенти Тоҷикистон аз 8-уми феврали соли 2025 нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва заминавӣ мавриди индексатсия қарор мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *