Аличон

Нахустин филми писари Субҳони Ҷалил ба ҷашнвораи байналмилалӣ роҳ ёфт

Нахустин филми мустанади кӯтоҳи коргардони 20 — солаи тоҷик  Алиҷон Ҷалилов  таҳти номи «Алиф.До.Ре.Ми» дар ҳафтумин Ҷашнвораи байналмиллалии «Золотой Ворон» дар шаҳри Анадырь (Чукотка, Россия) ширкат дорад.

Филми мазкурро рӯзи 5 май дӯстдорони кино ва ширкатдорони  ҷашнвора тамошо карданд. Филми мустанади коргардони ҷавони тоҷик  Алиҷон Ҷалилов бо номи «Алиф.До.Ре.Ми» қаблан дар 10-умин Кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён «Бастау» (Международный фестиваль студенческих и дебютных фильмов «Бастау»), ки аз 29 ноябр то 3-юми декабри соли 2022 миёни 60 филм аз 40 кишвари дунё баргузор шуда буд, сазовори Ҷоизаи таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон (Особое упоминание жюри) гашт. Маротибаи аввал ин филми мустанади 18 дақиқагӣ дар шаҳри Алма Ато дар фестивали минтақавии «MediaCAMP» намоиш дода шуда буд. Ҳамин мустанад дар моҳи октябри соли 2022 дар ҷашнвораи дигар — Lift-Off Global Network (Британияи Кабир) интихоб ва намоиш дода шуда буд.

Ин мустанад санаи 25-уми ноябри соли 2022 дар Душанбе, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров рӯнамоӣ шуд. Филми мустанади «Алиф.До.Ре.Ми» дар жанри «мушоҳида» ва дар муддати се моҳ сабту таҳия шудааст. Дар сабту таҳия ва тадвини ин мустанад дар қатори коргардон-таҳиягар — Алиҷон Ҷалилов, ҳамчунин наворбардор- Наврӯз Саидов, садобардор — Эҳсон Субҳонзода, тадвингар — Комил Карим ва коргардони садо — Шаҳриниссо Яковлева саҳм гузоштаанд. Қаҳрамони филм марди 74 солаест, ки ҳоло низ ба таълими мусиқӣ дар мактаб ва боғчаи бачаҳо машғул аст. Роҳи зиндагии ин парвардаи хонаи ятимон ноҳамвор ва зиндагии ӯ пур аз тазоду рӯйдоду ҳаводиси хушу нохуш буд. Дар синни 63 -солагӣ бо ӯ ҳодисае рух медиҳад, ки зиндагии ояндаи ӯро тамоман дигар мекунад. Мусиқӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ бошад барои амалӣ шудани орзӯи ин устоди мусиқӣ кӯмак кардааст.

Бояд қайд намуд, ки ин кори аввали мустақилонаи коргардонии Алиҷон Ҷалилов — хатмкардаи «Мактаби Филмҳои Мустанад» аст. Ин мактаб дар шаҳри Душанбе аз моҳи феврал то майи соли 2022 чандин ҷавонро, ки истеъдод ва ҳунари сохтани филмҳои мустанадро доштанд, ба таълим фаро гирифта буд.

Устодони варзидаи синамои тоҷик, мисли Георгий Дзалаев, Шаҳриниссо Яковлева, Файзулло Файз ва Комил Карим (аз Тоҷикистон) тариқи офлайн, Марина Разбежкина ва Елена Демидова (Росия), Аниса Собирӣ (Британияи Кабир) ва Катя Суворова (Қазоқистон) тариқи онлайн ба шогирдони ин мактаб дарс гуфта буданд.

Ёдовар мешавем, ки Алиҷон Ҷалилов фарзанди шинохтаи ровии радио ва телевизион Субҳони Ҷалил мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *