Нахуствазири Узбекистон ба Душанбе меояд

Қарор аст ҳафтаи ҷорӣ нахуствазири Узбакистон бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуда, заминаҳои сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон таҳия кунад.

Абдулло Орипов рӯзҳои 10 ва 11 январ дар Душанбе мешавад ва қарор аст бо президент Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазир Қоҳир Расулзода ва дигар мақомоти баландпояи кишвар дидору гуфтугӯ кунад.

Бино ба иттилои рассонаҳо, сафари худи Мирзиёев ба Тоҷикистон дар оғози баҳори соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Шавкат Мирзиёев баъди марги президент Ислом Каримов дар соли 2016 дар паи интихоботи президентӣ сари кор омад ва то имрӯз ба ҷуз Тоҷикистон, аз ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан ва қарордодҳои нави ҳамкорӣ имзо кардааст. Мирзиёев дар як изҳороти ахираш гуфт, ки Узбакистону Тоҷикистон бояд робитаҳои беҳтарини ҳамсоядориро барпо кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *