Намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ дар “Кохи Борбад”
Имрӯз,15 май дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ дар доираи Лоиҳаи ҷумҳуриявии «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон – 2025» расман оғоз гардид. Ин чорабинии муҳими иқтисодӣ то 17-уми май идома меёбад.
Тавре ки масъулини баргузории намоишгоҳ иброз доштанд, ҳадаф аз ин ташаббус пуштибонӣ аз истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти рушди маҳсулоти ватанӣ аст.
Имсол дар ярмарка зиёда аз 30 ширкати истеҳсолии ватанӣ молу маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намудаанд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни рӯзгор, аз ҷумла хӯрокворӣ, шириниҳои лазизу маҳсулоти қаннодӣ, гӯшту равған ва маҳсулоти шустушӯӣ, қолин ва маҳсулоти саноати сабук, инчунин ороишоту ашёи рӯзгор ба фурӯш гузошта шудаанд.






Намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” соли 11-ум аст, ки бо ташаббуси Агентии “Тайрон” ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати кишвар баргузор мешавад. Он ҳамчун як платформаи муҳим барои муаррифии брендҳои ватанӣ ва тақвияти рушди иқтисоди миллӣ ба шумор меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ