Намоишгоҳ ва барномаи фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳри Аваза

Дар шаҳри Авазаи Туркманистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони давлатҳои иштирокдор аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон боздид намуданд.

Ин боздид дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ сурат гирифт.

Бино ба итилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, гӯшаи Тоҷикистон бо маҳсули заҳмати корхонаҳои саноатӣ, ҳунармандон ва ошпазони маҳаллӣ муаррифӣ гардид. Маҳорати волои кулинарии тоҷик ва маҳсули деҳқонони мамлакат баҳои баланд гирифтанд. Дар бахши маҳсулоти саноатӣ маснуоти дӯзандагӣ, заргарӣ, алюминӣ, обҳои ташнашикан, маҳсулоти саноати сабук ва дигар намунаҳои истеҳсоли ватанӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Баъди боздид аз намоишгоҳ, сарони давлатҳо дар барномаи фарҳангии санъаткорони Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок намуданд. Барномаи фарҳангии Тоҷикистонро ҳунармандон, овозхонон ва ансамблҳои касбӣ бо маҳорати баланд муаррифӣ карданд, ки писанди иштирокдорон гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *