Намоиши асарҳои рассомони рус дар Душанбе

Имрӯз, 23-юми июн дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 30 – солагии  муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия намоиши асарҳои рассомони рус баргузор гардид.

Дар намоиш намояндагони ниҳодҳои расмии кишвар, сафирони Федератсияи Русия ва Белорус дар Тоҷикистон, аҳли фарҳанг ва дӯстдорони санъати рассомӣ иштирок намуданд.

Тибқи иттилои масъулини Осорхонаи миллии Тоҷикистон, мусаввараҳои дар намоиш пешниҳод гардида, тамошобинонро бо сабки хоссаи ҳар як нафар  рассом, ҷаҳони тахайюлот ва рангини рассомӣ ворид намуда, аз табиат, фарҳанг, урфу одат, анъана ва дигар паҳлуҳои ҳаёти кишвари рус дар давраҳои мухталифи таърихӣ қисса мекунанд.

Намоиш инъикоскунандаи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия буда, ҳисси зебоипарастиро бедор месозад.

Идибек Шарифзода,

таҷрибаомӯзи Pressa.tj

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.