Намояндаҳои Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон ноком шуданд

Дар шаҳри Истанбули Туркия аз 9-уми май Чемпионати ҷаҳонии бокс миёни бонувон шуруъ гардид, ки то 21-уми май идома меёбад. Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 кишвар иштирок доранд, ки намояндаҳои Тоҷикистон низ ҳастанд.

Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонуфуз Сумайя Қосимова (48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Миҷгона Самадова (57 кг) ва Шоира Зулқайнарова 63 кг) намояндагӣ карданд.

Аз миёни онҳо ба Шоира Зулқайнарова муяссар шуд, ки то ба даври чорякфинал барояд. Шоира Зулқайнарова пас аз ду пирўзӣ бар намояндагони Кувейт ва Кореяи Ҷанубӣ дар вазни 63 кг дар даври чорякфинал аз варзишгари Ҳиндустон Парвин шикаст хўрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд.

Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни 50 кг дар дар даври аввал бар варзишгари Боливия Айда Санталла ғалаба кард, вале дар даври дуюм аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа мағлуб шуд.

Сумайя Қосимова дар вазни 48 кг дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғория), Миҷгона Самадова (57 кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) ноком шуданд.

Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳонии бокс миёни бонувон танҳо як медали биринҷӣ дорад, ки онро соли 2012-ум Мавзуна Чориева ба даст оварда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.