Намояндаи нави БРСММ дар Тоҷикистон эътимоднома супорид

Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Исматулло Насредин Намояндаи доимии навтаъйини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН) дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷиро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни ин мулоқоти расмӣ, Судипто Мукерҷи эътимодномаи худро супорид.

Дипломати соҳибтаҷриба

Маросими супоридани эътимоднома дар фазои дӯстона ва ҳамкории созанда баргузор гардид. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо таъкид намуданд. Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Судипто Мукерҷиро ба таъйин шуданаш ба ин вазифаи муҳими байналмилалӣ табрик гуфта, ба ӯ дар пешбурди фаъолияти ПРООН дар Тоҷикистон, таҳкими ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор комёбӣ орзу кард.

Судипто Мукерҷи беш аз 20 сол таҷрибаи кор дар соҳаи дипломатия ва рушди устувор дошта, дар чанд кишвари ҷаҳон дар сохторҳои СММ, аз ҷумла ПРООН фаъолият намудааст. Ӯ ҳамчунин дар ҳукумати Ҳиндустон, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир ва Созмони СММ-Ҳабитат вазифаҳои муҳимро ба зимма доштааст.

Таъйини ӯ ба ҳайси роҳбари нави намояндагии ПРООН дар Тоҷикистон ба таҳкими бештари ҳамкорӣ ва татбиқи ҳадафҳои муштарак дар самти рушди миллӣ мусоидат хоҳад кард.

ПРООН – шарики боэътимод

Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН) яке аз сохторҳои асосии СММ мебошад, ки дар беш аз 177 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад. ПРООН дар Тоҷикистон бо як қатор самтҳои муҳими рушд, аз ҷумла, коҳиши камбизоатӣ ва рушди иқтисоди фарогир, ҳифзи муҳити зист ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим, таҳкими идоракунии давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, мубориза бо оқибатҳои бӯҳронҳо ва офатҳои табиӣ, дастгирии баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон ҳамкорӣ менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *