Нархи чиптаи қатораи Тоҷикистон —  Русия маълум шуд

Сафар  тариқи қатораҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон ба самтҳои мухталиф аз 1500 то 1856 сомонӣ арзиш дорад.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши билети хатсайри Кӯлоб – Волгоград, ки 3362 километр роҳ дорад, вобаста ба шароити ҷойи хобу нишаст, аз 1581 сомонӣ то 2030 сомонӣ муқаррар шудааст. Барои сафар тариқи хатсайри Душанбе – Волгоград, ки 3111 километр роҳ дорад, бо нархи аз 1434 то 1856 сомонӣ билет фурӯхта мешавад.

“Дар дигар хатсайрҳо ҳам дар мувофиқа бо кишварҳое, ки қатора сарҳадашро убур мекунад, нархи билет муайян карда мешавад,”- итттилоъ додааст сомонаи вазорат.

Ҳамзамон Роҳи оҳани Тоҷикистон бо мақомоти марбутаи кишварҳои Узбекистону Қазоқистон ва Русия вориди музокирот шудааст, то дар масъалаи тахфифҳо ба як хулоса расад.

Интизор меравад, нахустин қатораҳо, пас аз маҳдудияти дусола, рӯзи 16-уми августи соли равон дар хатсайри «Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб», 27-уми август дар хатсайри «Душанбе – Волгоград -Душанбе» ва 7-уми сентябр дар хатсайри «Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд» ба роҳ мебароянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *