Нархи газ 4 сомонӣ шуд. Хадамоти зиддиинҳисорӣ инро чи гуна шарҳ медиҳад?

Арзиши  гази моеъ имрӯз  дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе якбора  ба 4 сомонӣ дакка хӯрда ва  ба ҳисоби миёна нархи газ давоми ду ҳафтаи охир  20% гарон шудааст.

 Ин навъи сӯзишворӣ аввали моҳ бо нархи 3 сомонию 20- 30 дирам барои 1 литр фурӯхта мешуд, аммо   ҳоло нархи он ба 4  сомонӣ расидааст.

Саидалӣ Зарифзода, сармутахассиси Раёсати ҳимоя ва рушди рақоботи Хадамоти зиддиинҳисори назди Ҳукумати Тоҷикистон  дар суҳбат бо сомоани “Pressa.tj” иброз дошт, ки воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон даҳҳо ширкати гуногун машғуланд. Ин бозор доимо зери назорат қарор дошта, асоснокии болоравии нарх санҷида мешавад.

Сайдалӣ Зарифзода сабаби болоравии нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фуруши сӯзишвориро чунин шарҳ  дод:

“Нархи гази моеъ аз 6 ноябр инҷониб майли болоравӣ дорад. Агар дар ин давра нархи як тонна гази моеъ ба ҳисоби миёна 350 долларро ташкил мекард,  аммо 4 декабр аллакай ба 417 доллар баробар шуд. Инчунин, дар моҳҳои сентябр-октябр, агар ба ҳисоби миёна то 40-42 ҳазор тона  газ ба Тоҷикистон ворид мешуд, аммо дар моҳҳои баъдӣ ин рақам якбора коҳиш ёфт. Яъне, ҳамагӣ 30 ҳазор тонна газ дар як моҳ ворид шудааст. Дар корхонаҳои  кишварҳои тавлидгари нафту газ нархнома тағйир ёфт. Маҳз ҳамин омилҳо  боиси афзоиши нархи гази моэъ дар Тоҷикистон шудаанд”- гуфт вай.

Ба гуфтаи Зарифзода, 88,7 фоизи воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон марбут ба Қазоқистон аст. Ҳиссаи боқимондаро Ӯзбекистон ва Русия ташкил медиҳанд.    Зарифзода муътақид бар он аст, ки нархи газ боз поён меравад, зеро он мавсимӣ аст. Аммо муштариён мегӯянд, дар шароити Тоҷикистон ҳама гуна нархи хизматрасонӣ ва маҳсулот майли болоравӣ дорад.  Бинобар ин, коҳиш додани нархи сӯзишвориро низ зери шубҳа мебаранд. 

Усмон Раҳимзода

Тафсилоти бештари матлаб дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *