Нархи маҳсулот чӣ қадар қимат шуд?
Аз аввали соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,0 фоиз қимат шуд.
Ин асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти гӯштӣ – 16,6 фоиз (гӯшти гов – 28,5 фоиз, гӯшти гӯсфанд – 19,9 фоиз ва гӯшти моҳӣ – 2,8 фоиз); равған ва чарбу – 15,8 фоиз (равғани офтобпараст – 11,5 фоиз ва равғани пахта – 10,7 фоиз); нӯшокиҳои спиртдор – 10,4 фоиз, шир ва маҳсулоти ширӣ -9,7 фоиз ва тамоку – 5,8 фоиз аст.
Дар ин бора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон хабар дод.
Ӯ гуфт, ки нархи маҳсулоти нонӣ ва ярмаҳо – 1,2 фоиз, нӯшокиҳои беспирт-3,5 фоиз, шакар-9,5 фоиз ва мевагиҳо 9,7 фоиз арзон шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ