Нархи манзил дар Тоҷикистон боло меравад
Қимати ҳар метри мураббаъ манзил дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 705 доллар аст.
Дар пойтахт бошад, ин нишондиҳанда ба 780 доллар баробар аст.
Дар ин бора раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ Низом Мирзозода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, нархи манзил дар минтақаҳои гуногуни кишвар вобаста ба талабот ва имконоти сохтмонӣ фарқ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ