Насби камераҳо дар партовгоҳҳои Хатлон
Дар вилояти Хатлон барои танзими партовгоҳҳои муваққатӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб мекунанд. Ба боварии масъулин, ин тадбир дар оянда метавонад дар тозагии марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо мусоидат намояд.
Қурбоналӣ Собирзода, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Хуросон ва Шаҳритус назди партовгоҳҳои муваққатӣ дурбинҳои мушоҳидавӣ насб карда шуданд. Ӯ мегӯяд, насби дурбинҳои назоратӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома меёбад. Ба таъкиди вай манитор барои назорати партовгоҳҳо дар Сарраёсати мавриди назар ҷойгир аст.
“Ин иқдом дар доираи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист амалӣ гардида, барои баланд кардани масъулияти шаҳрвандӣ равона шудааст. Назорати доимӣ имконият медиҳад, то реҷаи партофтани партов пурра риоя шуда, ҳолатҳои қонуншиканӣ сари вақт ошкор ва нисбати чунин шахсон чораҳои зарурӣ андешида шавад”, -гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Қурбоналӣ Собирзода, то имрӯз, ҳолатҳои зиёди партофтани партов дар канори роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ ва ҷойҳои сукунати аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст. Албатта, ин амали баъзе аз сокинон боиси ифлосшавии обу ҳаво, замин ва сарзадани ҳаргуна беморӣ мегардад, – афзуд вай.
Мутаассифона, дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон реҷаи партофтани партов аз ҷониби сокинон риоя намешавад, ки ин боиси саривақт безарар ва накашонидани он мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ