Нашри «Ҳазору як шаб» бо ташаббуси академик Салимӣ
Чанде пеш бо ташаббуси академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ китоби «Ҳазору як шаб» дар 5 ҷилд ба нашр расид. Ин асар шоҳкории беназири адабиёти ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, бо фарогирии афсонаҳои гуногуни халқҳои Шарқ яке аз асарҳои муҳимтарини таърихии тамаддуни башарӣ дониста мешавад.
«Ҳазору як шаб» борҳо ба забонҳои маъруфи ҷаҳон тарҷума шуда, дар қатори даҳ асари серхонандатарини дунё қарор гирифтааст. Созмони ЮНЕСКО соли 2004-ро соли «Ҳазору як шаб» эълон намуда буд, ки ин шаҳодати арзишмандии беназири ин асар мебошад.
Нашри навини «Ҳазору як шаб» бо заҳмати академик Носирҷон Салимӣ дар асоси муқобалаи чандин нусхаҳои литографӣ ва чопҳои пешина, аз ҷумла чопи нашриёти «Офтобак»-и Эрон (соли 1925) ва чопи Тоҷикистон (солҳои 1959-1964) сурат гирифтааст. Ин кор на танҳо баргардони оддӣ, балки тасҳеҳу такмили матнҳои аслӣ мебошад, ки он бо риояи меъёрҳои илмӣ ва завқи баланд анҷом пазируфтааст.
Хизматҳои академик Носирҷон Салимӣ дар таҳия ва нашри ин асари гаронбаҳо воқеан арзанда ва шоистаи таҳсинанд. Ӯ бо ҷидду ҷаҳди зиёд ба омӯзиши амиқи матни аслӣ, муқоисаи нусхаҳои гуногун ва тасҳеҳи ғалатҳои нашрҳои пешина пардохта, барои хонандагон матни комил ва саҳеҳро омода намудааст. Ин ҷонфидоии илмӣ ва меҳнати нодир собит менамояд, ки Носирҷон Салимӣ на танҳо як донишманди фидокор, балки муҳофизи арзишҳои адабии ҷаҳонӣ низ мебошад.
Мутаассифона, ин шоҳасари безавол бо теъдоди ниҳоят кам — ҳамагӣ 300 нусха ба чоп расидааст, ки ин боиси таассуф аст. Китобе, ки ин қадар арзишманд ва муҳим аст, бояд дар ҳар хонадони тоҷик мавҷуд бошад ва наслҳои оянда бо ганҷи маънавии ниёгон ошно гарданд. Бинобар ин, зарур аст, ки ниҳодҳои масъул барои чопи васеи он ва дастрасии бештар ба хонандагони тоҷик иқдом намоянд.
Нашри китоби «Ҳазору як шаб» бо ташаббуси академик Носирҷон Салимӣ на танҳо як дастоварди илмӣ, балки хизмати бузург ба фарҳанги тоҷик ва ҷаҳон маҳсуб мешавад. Умед аст, ки ин кӯшиши беназир идома ёфта, нусхаҳои бештаре аз ин асар ба хонандагон пешкаш гардад.
Шариф ҲАМДАМПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ