Нашри наворҳои ғайриахлоқӣ бо ҷарима анҷомид

Дар пайи муроҷиати як ҷавондухтари сокини пойтахт, кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино сокини 30-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – Додова Таҳминаро дастгир намуданд.

Тавре манбаъ хабар медиҳад, номбурда бо ангезаҳои бадбинӣ ва хусумат, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои ғайриахлоқӣ паҳн намуда, бо истифодаи суханони қабеҳ шаъну шарафи ҷавондухтари муроҷиаткунандаро паст задааст.

Бо дарназардошти он ки Таҳмина Додова  кӯдаки хурдсол дорад, аз ҷониби суд нисбати ӯ ҷазои маъмурӣ ҳамчун ҷарима татбиқ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *