Натиҷаи сафари Раҳмонзода ба Бухоро: Корхонаи муштараки саноатӣ таъсис меёбад

Дар доираи як сафари кории сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба вилояти Бухоро ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидаанд.

Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон хабар медиҳад, дар ҷараёни сафари корӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо мақсади таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояи хориҷӣ бо директори Минтақаи озоди иқтисодии “Ғиждувони”-и вилояти Бухоро Отабек Казаков вохӯрӣ намудааст.

— Зимни мулоқот сафир аз имконятҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ба ҳамсуҳбат маълумоти зарурӣ пешниҳод намуд. Дар ҷараёни суҳбат тарафҳо ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо миёни Минтақаи озоди иқтисодии “Ғиждувон” ва “Кӯлоб” ҳамчунин ташкил намудани сафари кории роҳбарияти МОИ “Ғиждувон” барои шиносоӣ аз фаъолият ва имкониятҳои МОИ “Кӯлоб” ба мувофиқа расиданд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин сафир бо фаъолияти як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои гармхонаи “Buxara Varnet”, корхонаи дорусозии “Tibtexnika”, корхонаҳои бофандагии “BCT Cluster” ва “Buxara Agrocluster DZZ” шинос шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.