Навгонӣ дар парлумон. Таъсиси гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ
Рӯзи 4-уми июн дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳо оид ба таъсиси фраксияҳои ҳизбӣ ва гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ ба тасвиб расид.
Ба иттилои дафтари матбуоти парлумони кишвар, фраксияҳо ва гурӯҳи ғайриҳизбӣ 4-уми июн дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардидааст.
Манбаъ навиштааст, ки се ҳизби сиёсии кишвар фраксияҳои худро таъсис додаанд:
– Фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки аз 42 нафар иборат буда, сарварии онро Шариф Ҳакимзода ба зимма дорад;
– Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ), ки аз 7 нафар иборат буда, сарварии онро Рустам Латифзода ба уҳда дорад;
– Фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ), ки аз 5 нафар иборат буда, Ғиёсиддин Ашурзода сарварии онро ба уҳда дорад.
– Гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ аз 7 нафар иборат буда, Маҳмудзода Насрулло роҳбари он шудааст.
Ин бори аввал аст, ки дар парлумони Тоҷикистон як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ таъсис мешавад.
Шуҳрат Ғанизода, раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор дар парлумони Тоҷикистон гуфт, ки «дар асоси моддаҳои 52 ва 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бандҳои 105-119 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ, ҳуқуқ доранд дар фраксияву гурӯҳҳо муттаҳид шаванд».
Дар хабар омадааст, ки амалӣ гардидани институти фаъолияти фраксияҳои ҳизбӣ ва гурӯҳҳои вакилон «ба плюриализми сиёсӣ ва гуногунандешӣ шароит фароҳам оварда, нишонаи боэътимоди демократияи солим аст».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ