Навраси тоҷик дар озмуни «Ҳунарманди халқӣ» ғолиб шуд!

Зебинисо Исмоилова, таълимгирандаи маҳфили «Рақс» аз Маркази кӯдакон ва наврасони Душанбе, дар озмуни эҷодиёти умумирусиягӣ «Ҳунарманди халқӣ» дар номинатсияи «Хореография» лауреати дараҷаи якум гардид.

Озмун дар Маскав баргузор шуда, дар он иштирокчиён аз Русия ва кишварҳои ИДМ ҳунарнамоӣ карданд.

Зебинисо қаблан низ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб гардидааст, аз ҷумла дар фестивали «Art Silk Way» дар Самарқанд (марти 2024) дар ду номинатсия ҷойи аввалро гирифта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *