Назме нимшӯхию нимҷиддӣ дар мавзӯи толибон…

Бародарон «закар»-у хоҳарон «унос» шуданд,

«Килос» баста шуду «дарсҳо халос шуданд».

Саводу илму тахассус «умури шайтон» шуд,

Фақат мулобачаҳо «соҳибихтисос» шуданд.

Ба даҳшат омада аз истилоҳи «донишгоҳ»,

Ба номи «авфи умум» дар пайи «қисос» шуданд.

«Таҳаввулоти амиқи аморат» ифшо шуд:

«Авом»-и ғорнишин «нухба»-ю «хавос» шуданд.

«Амир»-и фирқаи даҳшатгарон «вазири дифоъ»,

Ва интиҳоргарон «қитъаҳои хос» шуданд.

«Мухолифони ҳаросафканӣ», кунун бингар,

Ки аз «ҳукумати толиб» дар ҳарос шуданд.

Ҳама фасонаи «тағйири толибон» гӯянд,

Ва вақти саҷда ба толиб мисли дос шуданд.

Ба ин хиёнати худ шарҳи хуб ёфтаанд,

Ки «эътироф накарданд»-у «дар тамос шуданд.»…

Ва чанд ҳамватани мо, ки толибандешанд,

Миёни толибу ислом дар қиёс шуданд.

Ба ваҷд омада аз толибу «футуҳот»-аш…

Навор кардаву саргарми инъикос шуданд.

Шавад, ки мардуми тоҷик ҳам сабақ гирад,

Ки фандхӯрдаи умеди беасос шуданд…

Ба ҷои он, ки фақат худ шарики худ бошанд,

Умедвори шарикони «узви ШОС» шуданд…

(Барои шарҳи дақиқи раванд овардем,

Ду се калима, ки аз толиб иқтибос шуданд…)

Абдуллоҳи РАҲНАМО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *