Нақши Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳунарманди дигар вогузор шуд

Дар синамои тоҷик як тағйироти ғайричашмдошт сурат гирифт. Тибқи қарори гурӯҳи эҷодӣ, нақши Абдураҳмони Ҷомӣ, ки қаблан ба раиси «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён вогузор шуда буд, дигарбора ба ҳунарманди касбӣ дода шуд.

Дар симои шоири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ тамошобинон ҳунарнамоии Қурбони Собирро хоҳанд дид. Ҳатто  қисматҳои аллакай сабтшуда бо иштироки Шоҳиён аз нав ба навор гирифта мешаванд.

Мутахассисони соҳа чунин иқдомро қадами муҳим унвон карда, бар онанд, ки ин тағйир метавонад сифати филмро боло бурда, барои тамошобинон ҷолибтар созад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *