Неймар

Неймар — футболбози “ПСЖ” ҷарроҳӣ мешавад

Футболбози “ПСЖ” Неймар ба далели захм ҷарроҳӣ мешавад ва аз 3 то 4 моҳ аз варзиш берун хоҳад шуд.

Сомонаи бошгоҳи футболи фаронсавӣ хабар медиҳад, ки ҳамлагари бразилӣ Неймар бар асари захми пойи росташ ҷарроҳӣ мешавад.

Неймар дар бозии даври 24-уми чемпионати Фаронса бо тими «Лилл» 19-уми феврал осеб дида буд. Кормандони тиббии бошгоҳ ба бразилиягии 31-сола тавсия додаанд, ки ҷарроҳии пайванди устухонҳо гузарад, то хатари ҷиддии такрори ҷароҳатро пешгирӣ кунад. Ҷарроҳӣ рӯзҳои наздик дар бемористони Доҳа анҷом мешавад.

Интизор меравад, ки Неймар аз се то чор моҳ пеш аз бозгашт дар тамрини пурраи гурӯҳӣ ширкат кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *