Неймар ва Бензема нархи футболбозонро арзон карданд

Неймар ва Бензема нархи ҳар як бозигари лигаи Арабистони Саудиро бештар арзон кардаанд.

Аз ҳама бештар Неймар, Сергей Милинкович-Савич ва Карим Бензема арзон шуданд. Ҳар сеи онҳо 10 миллион евроро аз даст доданд.

Ҳоло Неймар 50 миллион евро, Милинкович-Савич 40 миллион евро ва Бензема 15 миллион евро арзиш доранд.

Бо вуҷуди аз даст додани арзиш, Неймар ва Милинкович-Савич дар раддабандии гаронарзиштарин бозигарони Лигаи Арабистони Саудӣ қарор доранд ва Рубен Невес, ки 40 миллион евро арзиш дорад, дар ҷои сеюм қарор доранд.

Неймар моҳи август аз ПСЖ-и фаронсавӣ ба «Ал-Ҳилол» гузашт, шартномаи бразилӣ ду сол аст. Ӯ чанде қабл дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими Уругвай маҷрӯҳ шуд. Дар футболбоз ташхиси канда шудани пайванди салиб ва мениск гузошта шудааст.

Барандаи «Тӯби тиллоӣ» моҳи июн ба тими қаҳрамони феълии Лигаи Арабистони Саудӣ «Ал Иттиҳод» пайваст. Футболбоз то соли 2026 шартнома имзо кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *