Неъматзода нақшаи даъватро дар як рӯз иҷро кард

Маликшо Неъматзода, раиси шаҳр ба падару модарони наваскарон, ки хамагӣ ихтиёриён мебошанд, барои тарбияи фарзандони ватандӯсту ватанпараст изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар шаҳри Норак маросими тантанавии гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ таҳти унвони “Хизмати Модар — Ватан шараф аст»” баргузор гадид. Дар ин маросими гусели наваскарон раиси шаҳр Маликшо Неъматзода, падару модарон, шахсиятҳои рӯзгордида, ҷанговарони башардӯст иштирок кардаанд. ва дигар меҳмонон бо шукӯҳу шаҳомати хос сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Норак.

“Маҳз дуруст ба роҳ мондани тарбияи ватанпарастии ҷавонон боиси он гардид, ки шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии имсоларо дар ҷумҳурӣ дар рӯзи аввали даъват 100 % иҷро менамояд”, -қайд кард Маликшо Неъматзода.

Тибқи иттилои мақомоти шаҳр, ба наваскароне, ки курсҳои ронандагӣ, кафшергарӣ ва харротиро хатм намудаанд шаҳодатномаҳо супорида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *