Худкушии домоду арӯс дар Вахш. Чор рӯз бо ҳам зиндагӣ карданд (аудио)

Дирӯз дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон домоду арӯс якҷо даст ба худкушӣ задаанд. Бино ба иттилои манбаи Pressa.tj, ин ҷавонон ҳанӯз се-чор рӯз пеш, тахминан 25-уми марти соли равон бо ҳам издивоҷ карда будаанд.

Як манбаъ бо шарти зикр накардани номаш гуфт, ки ҷавонон дар деҳаи Яккатути ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш даст ба худкушӣ задаанд. Ҳанӯз сабаби даст ба худкушӣ задани домоду арӯс барои мо маълум нест.

Аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Вахш хабари даст ба худкушӣ задани домоду арӯсро тасдиқ карданд. Аз ҷавонони худкушикарда Шарифбек Зиёев, сокини ноҳияи Вахш ва Гулҳавас Шоева, сокини ноҳияи Кӯшониён ном бурда шуд.

Гуфта мешавад, ки онҳо шаби 26 ба 27-уми марти соли равон, тахминан соатҳои як шабона дар манзили истиқоматии домод, дар оғилхона худро ба дор овехтаанд. Вале то ҳол сабаби даст ба ин кор задани онҳо маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *