Мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо роҳбарияти Корпоратсияи давлатии “Роскосмос”-и Федератсияи Россия

Рӯзи панҷшанбе, 12 августи соли 2021, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мулоқоти кории президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо директори генералии Корпоратсияи давлатии “Роскосмос”- Дмитрий Рогозин баргузор гардид.

Дар ҷаласаи корӣ инчунин намояндагони ширкатҳои фаръии “Роскосмос”: директори генералии системаҳои кайҳонии Россия — Андрей Тюлин, директори генералии “Главкосмос” — Дмитрий Лоскутов, муовини директори генералии “TERRA TECH” — Максим Болтачев ва инчунин мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шараф Раҳимов иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ ҷонибҳо аҳамияти эҷоди заминаи меъёрии ҳуқуқии заруриро барои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кайҳонӣ қайд намуда, масъалаҳои ҳамкории самтҳои афзалиятноки зеринро баррасӣ намуданд:
— истифодаи имкониятҳои гурӯҳи мадории русӣ барои санҷиши фосилавии Замин барои рушд ва такомули илм ва иҷтимоиёту иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— истифодаи воситаҳои оптикии мушоҳидаҳои Расадхонаи астрономии Ҳисор ва Расадхонаи астрономии Санглоҳи Институти астрофизикаи Академияи Миллии Тоҷикистон;
— омӯзиши муштараки ҷирмҳои дар мадори наздизаминӣ ҳаракаткунанда, ки ба замин таҳдид мекунанд;
— омӯзиш ва таҳқиқи партовҳои сунъии кайҳонӣ;
— мониторинги доимии пиряхҳои Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои системаи кайҳонии КД “Роскосмос”;
— омода ва фиристодани қисмати модулҳои (начинкаҳои) электронии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба кайҳон тавассути имконоти моҳвораҳои КД “Роскосмос”
— тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои АМИТ дар муассисаҳои таълимии зерсохтори КД “Роскосмос”.

Рахими и Рогозин говорили о космосе

Дар рафти мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҳамкории тарафайн дарозмуддат хоҳад буд ва афзалият дар марҳилаи аввал таълими кадрҳои миллӣ дар заминаи илмӣ ва таълимии КД “Роскосмос” ва таъсиси модули гирифтани тасвирҳои моҳвораӣ, ба мо имкон медиҳад зуд тасвирҳои хушсифати тамоми ҳудуди Тоҷикистонро дар режими онлайн дастрас намоем.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба зарурат ва аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи фаъолияти кайҳонӣ дар доираи Шӯрои байнидавлатии фазои кишварҳои узви ИДМ изҳори боварӣ карданд. Тавофуқҳое, ки дар ҷараёни мулоқот ҳосил шуданд, як қадами муҳим дар густариши ҳамкориҳои Россия ва Тоҷикистон хоҳанд буд ва ба таври ҳамаҷониба ба рушди шарикии мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бахшҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим мусоидат хоҳанд кард.
Истифодаи технологияҳои назорати фосилавии Замин ба манфиати рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ шуда, айни замон яке аз самтҳои афзалиятнок, таъхирнопазир ва муҳимтарини таҳқиқоти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ҳисобида мешавад.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳамкориҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо КД “Роскосмос” нав набуда, тӯли солҳои истиқлолият густариш ва равнақ ёфтаанд. Сафари ҳайати ҶСП «Системаҳои кайҳонии Русия», ки моҳи апрели соли равон ба АМИТ сурат гирифта буд, ки онро сардори маркази ҳамкориҳои байналмилалии ин ширкат Савельев В.В. дар якҷоягӣ бо коршиносони Маркази мониторинги амалиётии Замин ба рушди муносибатҳои дуҷониба дар ин самт такони мусбӣ бахшид.

Ҳамкориҳои дуҷонибаи олимони тоҷик ва рус дар самти истифодаи имкониятҳо ва иқтидори илмии кишварҳо, натиҷаҳои фаъолияти муштарак дар самти омӯзиши кайҳон барои рушд ва пешрафти илму технология, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҳарду кишвар муҳим арзёбӣ шуда, қадами устуворе дар роҳи таҳкими шарикии боэътимод байни ин ду ташкилоти бонуфуз ва мусоидат ба ташаккули модели муассир ва лоиҳаи ҳамкории минбаъда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия хоҳад гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *