Сӯхтор дар Қубодиён: 15 нафар ҷароҳат бардоштаанд

Бар асари як сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён 15 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи масъулин, аз ин шумора ҳолати як нафар вазнин аст.

Як манбаъ аз Раёсати молияи ноҳияи Қубодиён дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки “нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз идораи мо каму беш 400 метр масофа дорад”. Ӯ мегӯяд, ҳоло оташ ба пуррагӣ хомӯш карда нашудааст.- Тахминан чор мошини оташнишонӣ барои хомӯш кардани оташ овардаанд,- афзуд вай. Ӯ зикр кард, ки “ба фикрам, мошинҳои оташнишонӣ аз вилоят ё дигар шаҳру ноҳияҳо оварда шудаанд”.

Абдулмаҷид Одиев, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Қубодиён дар як тамоси телефонӣ сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвориро тасдиқ карда, гуфт, ки “аз соати 15 ба ин тараф сӯхтор сар зад. Ҳоло оташ хомӯш шудааст. Тақрибан 15 нафар аз сӯхтор зарар дидаанд. Саломатии як нафар вазнин аст. Боқимонда сиҳатанд. Ҳоло як нафар дар беморхона бистарист. 14 каси дигарро баъди муолиҷаи табибон аз беморхона рухсат кардаанд”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *