Зуҳал-тоҷикдухтаре,ки ба интихоботи Амрико баҳо медиҳад

Зуҳал то ҳол дар чанд ҳайати САҲА дар кишварҳои хориҷӣ ба ҳайси нозири интихобот иштирок кардааст.

Як духтари тоҷик дар ҳайати нозирони интихобот ҷараёни рақобатҳои Доналд Трамп ва Ҷо Байденро барои соҳиб шудан ба мансаби президенти Амрико назорат мекунад. Интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико 3-юми ноябри имсол баргузор хоҳад шуд. Зуҳал Авзалшоева, муҳаққиқи тоҷик, узви ҳайати маҳдуди нозирони интихоботии ODIHR (Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА) будааст. Ҳамроҳи ӯ 29 нафари дигар аз Олмон, Швейтсария, Сербия, Ҷумҳурии Чех, Монтенегро, Молдова, Мақдунияи Шимолӣ, Боснияву Ҳерзоговина, Албания, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова ва Гурҷистон шомили ин ҳайат ҳастанд. Ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳайати нозирони интихоботии САҲА то ҳол дида нашуда будт, вале бино ба маълумот оид ба фаъолияти  Зуҳал Авзалшоева, ӯ то ҳол дар чанд ҳайати САҲА дар кишварҳои хориҷӣ ба ҳайси нозири интихобот иштирок кардааст.

Зуҳал зодаи шаҳри Хоруғ буда, соли 2005 Донишгоҳи бритониёии Сассексро дар бахши ҳуқуқ ва ҳуқуқи ҷиноии байналмилалӣ хатм кардааст. Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ва Суди байналмилалии Гаага таҷриба андӯхта ва барои САҲА ва Бунёди Оқохон кор кардааст. Зуҳал Авзалшоева дар як  суҳбат гуфтааст,ки  ба назорати интихоботҳои кишварҳои узви САҲА аз соли 2009 пардохта, то ҳол дар интихоботи Албания, Туркия, Монтенегро (Черногория), Русия, Белорус ва Булғористон иштирок кардааст. Зуҳал Авзалшоева дар мавриди назорат аз интихоботи Амрико гуфт: «Ҳоло дар Амрико ҳастем. Корро сар кардем. Нозирони дарозмуддат ба Амрико 6-уми октябр ва коршиносон 28-уми сентябр расиданд. Ман дар ҳайати нозирони дарозмуддат аз 6-уми октябр дар ин ҷоям. Мо 30 нафар  нозири дарозмуддат мебошем. То 8-уми ноябр дар ин ҷо хоҳем буд. САҲА гузориши худро дар вебсайташ нашр мекунад.» Вай афзуд, бар асоси нақшаи кор, рӯзи 4-уми ноябр, яъне рӯзе баъд аз овоздиҳӣ нозирон нишасти матбуотӣ доир карда, хулосаҳои худро аз ҷараёни интихобот пешкаш мекунанд. Баъд аз ду моҳ гузориши пурра нашр хоҳад шуд. Ӯ гуфт, ин навбат ба Амрико барои назорат аз интихобот ба ҷойи 100 нозир 30 нозири байналмилалӣ рафтааст ва аз ҳамин хотир онҳо бояд кори бештаре анҷом диҳанд.

Зуҳал Авзалшоева гуфт, ӯву як шарикаш интихоботро дар ду аёлат — Индиана ва Мичиган, дар қисмати шимолу шарқи Амрико мушоҳида хоҳанд кард. Ин ду аёлат бо ҳам ҳамсоя мебошанд.

Оинномаи ODIHR мегӯяд, онҳое, ки хостори иштирок дар ҳайатҳои назоратии интихоботӣ ҳастанд, бояд шаҳрвандони кишварҳои узви САҲА бошанд. Вале онҳо ҳақ надоранд, интихоботи кишварҳоеро назорат кунанд, ки шаҳрвандии онро доранд. Барои шомил шудан ба тими нозирон шахс бояд бар асоси муқаррарот дар озмуни ODIHR иштирок кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *