Нигаронии Ӯзбекистон аз муносибати Русия бо муҳоҷирон
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз мақомоти Русия талаб кард, ки ба масъалаи муносибати дағал бо муҳоҷирони корӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. Дар ин бора Газета.уз хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бобур Усмонов чанде пеш бо сафири Русия дар Тошканд Олег Малгин вохӯрд. Зимни ин суҳбат Усмонов аз зиёд шудани ҳолатҳои бадрафторӣ нисбат ба шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Русия фаъолият мекунанд, изҳори нигаронӣ намуд.
Бобур Усмонов таъкид доштааст, ки чунин рафтору амал ба меъёр ва қонунҳои кишвари будубош мухолифанд.
Ҷониби Ӯзбекистон аз мақомоти Русия дархост намудааст, ки далелҳои зикршударо дақиқан мавриди санҷиш қарор дода, нигаронии Тошкандро дар ин робита ба мақомоти марбутаи Русия расонанд.
Гуфта мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар бораи идомаи ҳамкории мутақобила ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Русия дар ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил шуд.
Ахиран Ӯзбекистон ба масъалаи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷиронаш дар Русия бештар таваҷҷуҳ мекунад. Дар робита ба ин масъла рӯзи 30-юми апрел дар Маскав вохӯрии ҳайатҳои прокуратураҳои генералии Ӯзбекистон ва Русия доир гардид.
Ин изҳороти ВКХ Ӯзбекистон замоне садо медиҳад, ки ахиран рейдҳои зидди муҳоҷирон дар Русия хеле дағалу бадрафторона сурат мегиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ