Нигаронии Баҳодурӣ аз рафтори паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон

Абдулмусавир Баҳодурӣ, роҳбари созмони паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон аз рафтор ва шеваи зиндагии бархе аз муҳоҷирони афғон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ мегӯяд, ки гуруҳе аз муҳоҷирони афғон қавонини будубошро дар  қаламрави Тоҷикистон вайрон мекунанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли равон нисбат ба 29 шаҳрванди Афғонистон бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон протокол тартиб дода шудааст. Аммо онҳо депорт ё иҷборан аз Тоҷикистон ронда нашудаанд.

Дар ҳамин росто, Абдулмусавир Баҳодурӣ ҳар икдоме, ки мақомоти Тоҷикистон нисбат ба бархе гурезаҳои афғон анҷом медиҳанд, ҷонибдор аст.

«Одамони ангуштшуморе буданд, ки ман минҳайси масъули муҳоҷирин аз онҳо розӣ нестам. Ҳар иқдоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро ҷонибдорам. Инро ба чанд далел мегӯям. Ҳар кишваре меравем, фикр мекунем, ки аз худамон аст. Тақрибан 30 сол мешавад, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ дорам. Бовар кунед, аксари муҳоҷирони афғон, ки солҳо инҷо ҳастанд, аз қонуну қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон огоҳӣ доранд. Аммо афғонҳое, ки нав омадаанд, хусусан бачаҳои ҷавон, ё огоҳӣ надоранд, ё аз аслан аз худ рафтаанд. Ҳатто, бархе аз Канада сарпарасту маблағгузорӣ мешаванд. Аслан, дар Тоҷикистон таблетка чист, намефаҳманд. Содда карда гӯем, онро “бомба” мефаҳманд. Аммо муҳоҷирони афғон, махсусан дар шаҳри Ваҳдат таблеткаро ривоҷ доданд. Вақте ки таблеткаро мехӯред, пиёну мадҳуш мекунад. Афғонро меқапанд, дар як кисааш таблетка ва дар кисаи дигараш ҳуҷҷати гуреза дорад. Ҳатто афғонро меқапанд, ки дар кисааш банг дорад ё вақти муқаррарӣ дар хонааш нест. Чандин бор хоҳиш кардем, онҳое, ки дар ҷойи истиқомат ба қайд гирифта шудаанд, ҳамонҷо зиндагӣ кунанд. Вақте ки субҳ мебароянд, бояд 8-и бегоҳ дар хоаашон бошанд. Новобаста аз он, ки дар куҷо зиндагӣ мекунанд, ин ҳатмӣ аст. Вале бархе гурезаи афғонро мебинед, ки дар Ваҳдат ҷойи истиқомат дорад, аммо соати 12-и шаб дар маркази шаҳри Душанбе сурати селфӣ карда гаштааст. Магар ин барои муҳоҷир зеб дорад? Ватанаш имрӯз дар чӣ ҳол аст, инҷо бошад, сурати селфӣ мегирад!”,- изҳори нигаронӣ кард Баҳодурӣ дар суҳбат бо Pressa.tj.

Тафсилоти бештар дар шумораи нави ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *