Нигаронии Гутерриш аз таҳдидҳо алайҳи журналистон
Антонио Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба афзоиши хатару таҳдидҳо зидди хабарнигорон дар саросари ҷаҳон, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки аз озодии расонаҳо ҳимоят намуда, ба ҷиноятҳои зидди намояндагони матбуот поёни қонунӣ диҳанд.
Ӯ рӯзи якшанбе, 2-юми ноябр ба муносибати «Рӯзи ҷаҳонии поён додан ба масуният аз ҷазо барои ҷиноятҳо алайҳи хабарнигорон» изҳор дошт, ки шумораи зиёди рӯзноманигорон дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ҷони худро аз даст медиҳанд.
Гутерриш таъкид кард: «Вақте хабарнигорон хомӯш мешаванд, мо ҳама садои худро аз даст медиҳем».
Ӯ аз давлатҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ даъват намуд, ки барои ҳифзи озодии матбуот иқдом кунанд, омилони хушунат алайҳи хабарнигоронро ҷавобгар созанд ва шароите фароҳам оваранд, ки намояндагони расонаҳо тавонанд бе тарсу таҳдид фаъолияти худро идома диҳанд.
Ба навиштаи Кумитаи ҳимояи хабарнигорон (CPJ), се соли ахир аз хатарноктарин давраҳо барои фаъолони расонаӣ будааст. Танҳо дар соли гузашта беш аз 125 хабарнигор ва корманди ВАО ҷони худро аз даст додаанд.
Ин кумита бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши хушунат алайҳи рӯзноманигорон, ислоҳоти амиқ дар равандҳои таҳқиқ ва пайгарди қонунӣ нисбат ба омилони куштори онҳо талаб кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ