Нигаронии Президент аз коҳиши истеҳсолот ва басташавии корхонаҳо

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи кории ҳукумат, ки дар ноҳияи Данғара баргузор шуд, аз вазъи иқтисодӣ, бахусус соҳаи саноат ва кишоварзии кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Ба таъкиди Сарвари давлат, дар чор моҳи аввали соли 2025 дар кишвар 159 корхона аз фаъолият бозмондаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давра 121 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудаандт. Ба гуфтаи Президент, ин нишондиҳанда метавонад таъсири манфӣ ба рушди иқтисодӣ ва шуғли аҳолӣ гузорад.

Ҳамчунин, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз коҳиши истеҳсоли нахи пахта ва газворҳои пахтагин хабар дод.

Дар чор моҳи аввали сол истеҳсоли нахи пахта 10,8 ҳазор тонна ва газворҳои пахтагин 1,3 миллион метри мураббаъ кам шудааст. Президент таъкид кард, ки чунин вазъ яке аз омилҳои асосии коҳиши ҳаҷми маҳсулоти нассоҷӣ мебошад.

Масъалаи дигаре, ки мавриди интиқоди Президент қарор гирифт, иҷро нашудани нақшаи кишти пахта ва картошка дар баъзе шаҳру ноҳияҳо буд. Ӯ гуфт, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди бахши содиротӣ аз иҷрои пурраи ин нақшаҳо вобастагӣ дорад.

Президенти кишвар ҳамчунин изҳори нигаронӣ кард, ки имсол дар аксари шаҳру ноҳияҳо истеҳсоли либоси мактабӣ ба роҳ монда нашудааст. Ӯ ин вазъро “нигаронкунанда” номид ва гуфт, ки бояд ба рушди истеҳсоли маҳсулоти дар дохил истеҳсолшаванда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *