Нигаронии вазири нақлиёт

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз сифати роҳсозӣ дар кишвар нигаронӣ карда, гуфт, ки қисматҳои алоҳидаи роҳҳои сохташуда “хеле зуд аз кор мебароянд”.

Ба иттилои ин вазорат, Азим Иброҳим ин нуктаро зимни ҷаласаи назоратӣ бо иштироки масъулини соҳа таъкид кардааст.

“Мувофиқи стандартҳои мавҷуда, мӯҳлати кафолати қабати болоии пӯшиши роҳи автомобилгард вобаста ба шиддати ҳаракат дар он аз 2 то 8 солро ташкил медиҳад, мутаассифона, қисматҳои алоҳидаи роҳҳои мо хеле зуд аз кор мебароянд”,- гуфтааст Азим Иброҳим.

Вазири нақлиёт таъкид кардааст, ки мустаҳкамии пӯшиши роҳ аз сифати кор, технологияҳои татбиқшаванда, иҷрои дурусти амалиёти техникӣ, истифодаи дурусти маблағҳои ҷудошуда вобаста аст.

Азим Иброҳим ба масъулин дастур додааст, ки вазну андозаи воситаҳои нақлиётро назорат кунанд, аз маҳсулоти босифат истифода бурда, омехтаҳои асфалтеро, ки махсус барои истифода дар шароити гармӣ пешбинӣ шудаанд, интихоб намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *