ВКД

Нигаронии вазорат аз чанд амали дуздиву қаллобӣ

Вазорати корҳои дохилӣ аз чанд амали дуздиву қаллобӣ дар сомонаи худ хабар дод.

Тавре дар иттилоияи вазорат омадааст, 2-юми майи соли 2022 марди 39-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии сокини 53-солаи сокини шаҳри Ваҳдат даромада, аз ӯ як адад экскаватори тамғаи «Касио»-ро гирифта, ба дигар кас ба маблағи 12 000 доллари амрикоӣ ба гарав гузошта, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Номбурда қаблан бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Ба ҳамин тариқ, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аз номи марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур ариза ворид гардидааст, ки 7-уми январи соли 2023 ҳангоми дар толори дилхушии шаҳри Бохтар қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз ҷайбаш телефони мобилии тамғаи “Xiaomi”-ро дуздида, ғайб задааст. Арзиши телефон 4 ҳазору 160 сомониро ташкил дода, аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 21-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.

Зани 36-солае аз ноҳияи Шаҳритус ба ШВКД-и ин ноҳия ариза навиштааст, ки 7-уми январи соли 2023 шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи оҳанин 2000 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, ба номбурда ба маблағи 9 ҳазору 600 сомонӣ зарар расонидааст. Дар ҷинояти мазкур марди 36-солае, ки ӯ низ сокини ноҳияи Шаҳритус аст, ҳамчун гумонбар дастгир гардидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.