Нигаронии Юсуф Раҳмон аз фаъолшавии гуруҳҳои террористӣ (аудио)  

Аъзои гуруҳҳои террористи «Ал-қоида»*, «ДОИШ»*, «Ҷамоати Ансоруллоҳ»*, «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ»*, ҲНИТ* «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»* фаъолшавияшонро дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон идома дода истодаанд.

Ин нуктаро Прокурори генералии  Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни ҳамоиши байналмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе баён дошт.

Номбурда кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистонро дар баробари хатарҳои террористӣ ба далели марзи тӯлонияш бо Афғонистон, осебпазир хонд.

Юсуф Раҳмон таҳдидҳои махсуси қаноти ДОИШ* бо номи Хуросонро таъкид намуд, ки ба гуфтаи ӯ ҳудуди 5 ҳазор ҷангҷӯйро дар бар мегирад. Ӯ таъкид намуд, ки ин қанот нияти бозсозии Хурсони бузургро дорад, ки замоне қаламрави Афғонистону Осиёи Миёнаи феълиро дар бар гирифт.

Ба гуфтаи Раҳмон, бо назардошти дарозии сарҳад, мураккабии мавзеи ҷуғрофӣ ва зӯргӯиҳои гуруҳҳои террористӣ вуруди онҳо ба Тоҷикистон ва ҳамин тариқ ба кишварҳои дигар беш аз пеш аён шуда истодааст. Дар ин робита муҳим хонда шуд, ки барои ҳифзи сарҳадоти Осиёи Марказӣ талоши муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардад.

*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.