Нигаронӣ аз риоя нашудани меъёри гармидиҳӣ дар баландошёнаҳои Душанбе

Дар пайи як санҷиши Агентии назорати давлатии энегетикии Тоҷикистон, маълум карда шуд, ки меъёри муқарраргардидаи гармӣ дар пойгоҳҳо ва дохили биноҳо риоя намешавад.
Дар пайи гузаронидани санҷиш аз чанд биноҳои баландошёна дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт муайян карданд, ки ҳарорати гарми ба 55 дараҷа баробар аст.
Дар ҳоле, ки тибқи меъёр ҳарорат бояд ба 75 дараҷа баробар бошад.

Санҷиши дигар дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур нишон дод, ки ҳарорат аз 40 то 48 дараҷаи гармӣ мебошад. Ин вазъ ба гуфтаи Агентии назорати давлатии энегетикии Тоҷикистон, боис мешавад, аҳолӣ барои гарм кардани хонаҳояшон аз асбобҳои барқии иловагӣ истифода кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *