Нишасти СҲШ дар  Самарқанд баргузор мешавад

Президенти Русия Владимир Путин ва Президенти  Узбекистон Шавкат Мирзиёев  нишасти дарпешистодаи СҲШ-ро баррасӣ карданд.

Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дода, дар ҷараёни он ҷузъиёт ва масъалаҳои чорабинӣ, ки моҳи сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад, баррасӣ шуданд. Дар нишасти дарпешистодаи Созмони Ҳамкории Шанхай имзои эъломия дар назар аст, ки мавқеъи муттаҳидшудаи давлатҳои ширкаткунандаро нисбат ба як қатор мушкилоти рӯзмарра инъикос кунад.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ соли 2021 дар Тоҷикистон баргузор шуда буд.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соли 2001 таъсис ёфта, ба он Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон шомиланд. Қароргоҳи СҲШ дар Пекин ҷойгир аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *