Нишонаҳои паст шудани иммунитет
Бо фарорасии фасли тирамоҳ шумораи одамоне, ки дар пушти дари табибон навбат мепоянд, меафзояд. Сабаб дар он аст, ки дар ин айём системаи муҳофизатии ҷисми инсон — иммунитет суст шуда, дигар ба муқобили бемориҳо фаъолона мубориза бурда наметавонад.
Табибон сабаби асосии заиф гаштани иммунитетро дар норасоии витамину минералҳо дар ҷисми инсон, нисбатан сардтар шудани ҳаво, кӯтоҳ шудани рӯзҳо ва норасоии нури офтоб маънидод менамоянд. Нишонаҳои асосии заиф гаштани иммунитет инҳоянд:
1. Дар ҷисми инсон коркарди ҳормони мелотонин, ки хоби орому бароҳати касро таъмин менамояд, паст шуда, одам худро беҳолу бемадор ва хаста эҳсос мекунад. Қобилияти меҳнатӣ паст шуда, одам хоболуд ва асабонӣ мешавад.
2. Коркарди фаъоли витамини Д3, ки ба организм барои аз худ намудани калтсий ёрӣ мерасонад, заиф гашта, боиси рехтани мӯйи сар, бад шудани ҳолати дандонҳо ва зудшикан гаштани нохунҳо мегардад.
3. Ҳар қадаре, ки нурҳои ултрабунафш камтар шаванд, ҳамон андоза микроорганизмҳое, ки бемориҳои зуком, ОРВИ ва ОРЗ-ро ба вуҷуд меоранд, бештар шуда, бо ҳамин сабаб касалиҳои сироятӣ авҷ мегиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ