Низом Қосим бидуни рақиб раис интихоб шуд

Дар анҷумани 15 — уми Иттифоқи нависандагон, ки имрӯз 23 декабр барзгузор гардид, бо аксарияти оро ва раъйдиҳии ошкор Низом Қосим дигарбора раиси ин ниҳод интихоб шуд. Анҷумани Иттифоқи нависандагон мақоми олии роҳбарикунандаи ин муассисаи адибони Тоҷикистон буда, ҳар 5 сол барпо мешавад ва раёсат, президиум ва котиботи ИНТ – ро интихоб мекунад. Он бори аввал соли 1934 баргузор шуда, ин 15 – ум анҷумани ИНТ ба шумор меояд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳудуди 400 узв дорад. Дар гузашта бархе расонаҳо нав шудани раиси ИНТ – ро пешбинӣ карда буданд. Аммо тибқи оинномаи ин ниҳод, як нафар ҳақ дорад ду маротиба раис интихоб шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *