Низорамоҳ Зарифова — сиёсатмадоре дар паҳлуи 6 сарвари Тоҷикистон

Ходими барҷастаи давлативу сиёсӣ Низорамоҳ Зарифова дар 101 соли умри хеш шоҳиди таъсиси Тоҷикистон, барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон буд. Ӯ давоми 60 соли фаъолияти корӣ бо шаш сарвари Тоҷикистон — Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев, Қаҳҳор Маҳкамов ва Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият кардааст.

Низорамоҳ Зарифова 6-уми ноябри соли 1923 дар деҳаи Шехвесии ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Падараш Одина Махсум (1896-1928) дар деҳаи Мазори Ҳазрати Султон камол ёфта, аз зумраи ашхоси донишманд будааст. Модараш Шарифамоҳ ҳамчун зани ҳунарманд байни мардум маҳбубият дошт. Авлодони модарӣ ва падарияш шахсони босавод, донишманд, номдору номбардор ва маъруфу машҳури замони хеш, хатмкардагони мадрасаҳои Мазори Ҳазрати Султон, Қуллаки Шехвесӣ ва Бухоро буда, истеъдоди баланди модарзодӣ доштанд.

Оилаи онҳо аз Ховалинг ба деҳаи Пушиёни Поёни ноҳияи Восеъ кӯчид. Падараш Одина дар шашсолагии Низорамоҳ аз дунё рахти сафар баста, ӯ, акааш Абдулазиз, хоҳараш Рухсорамоҳи шашмоҳа дар тарбияи модараш Шарифамоҳ мемонанд. Баъдтар, модараш ба Зариф ном сокини ҳамин деҳа хонадор мешавад ва Низорамоҳ дар тарбияи ӯ ба воя мерасад ва насабаш низ аз номи ин мард аст.

Низорамоҳ Зарифова Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб (соли 1941)-ро хатм карда, дар вазифаҳои мудири шуъбаи кумитаи комсомол ва мудири шуъбаи кадрҳои кумиҷроияи шаҳри Кӯлоб (солҳои 1941-1945), мудири шуъбаи мактабҳои кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб (солҳои 1945-1947), мудири шуъбаи занони кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб (солҳои 1947- 1952) фаъолият намудааст. Пас аз хатми мактаби олии ҳизбии шаҳри Москва (соли 1955), мудири шуъбаи занони КМ ҲК Тоҷикистон (солҳои 1955-1956), котиби КМ ПК Тоҷикистон (солҳои 1956-1966), муовини раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1966-1978) интихоб гашта, дар иҷрои вазифаҳо барои дигарон намунаи ибрат буд. Чандин маротиба вакили Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ва СССР интихоб гаштааст.

Хизматҳои арзандааш бо ду ордени Ленин, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони фахрӣ», се медал ва ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии СССР ва РСС Тоҷикистон қадр шудаанд.

Низорамоҳ Зарифова дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар паҳлуи Пешвои миллат қарор гирифта, барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва истиқрори сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар Тоҷикистон талош кардааст. Дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистони навин низ фаъолият карда, нахустин раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар буд.

Гарчанде Низорамоҳ Зарифова солҳои охир бознишаста буд, вале пайваста дар чорабиниҳо иштирок ва суханронӣ намуда, ба бонувони сиёсатмадор маслиҳату машварат медод.

Ӯ аз ҷумлаи сиёсатмадороне буд, ки ҳамеша барои беҳбудии рӯзгори мардум талош мекард. Дар як суҳбаташ номбурда фалсафаи сиёсии хешро чунин баён карда буд: «Сиёсатмадор нафарест, ки на барои худ, балки барои миллат кор мекунад, аз манфиатҳои шахсияш мегузарад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта дар паёми табрикотии хеш бахшида ба 100-солагии ходими сиёсию давлатӣ, собиқадори меҳнат Низорамоҳ Зарифова таъкид кардаанд: “Низорамоҳ Зарифова, наҷибтарин хислат ва коре, ки инсон дар тӯли ҳаёти худ метавонад анҷом диҳад, хизмати шоиста ба халқу Ватан ва миллати хеш аст, ки умри бобаракати Шумо намунаи барҷастаи он аст. Тамоми ҳаёти пуршебу фарози Шумо бо таърих ва тақдири Тоҷикистони азиз вобаста мебошад. Бонуе, ки аз ҳеҷ мушкил наҳаросида, тамоми ҳаёт ва фаъолияти хешро ба рӯзгори миллати худ пайванд додааст, дарси ибрат ва ифтихори занону бонувони тоҷик ба шумор меравад. Яъне, Шумо яке аз шахсиятҳои намоёни сиёсат, иҷтимоиёт ва фарҳанги миллӣ ҳастед, ки матонат ва масъулиятшиносии Шумо имрӯз барои садҳо нафар занону бонувон намунаи фаъолияти содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад”.

Ин баҳои сарвари давлат инъикосгари кору рӯзгори сиёсатмадори барҷаста, ходими давлативу ҷамъиятӣ Низорамоҳ Зарифова аст, ки шоми 30-юми ноябр дар синни 101-солагӣ аз олам даргузашт.

Шоиста ИСМАТЗОДА,

ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *