Ном ба ном. Шаш муҳоҷири тоҷик аз Ҷайҳун бар асари заҳролудшавӣ фавтиданд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ному насаби шаш муҳоҷиреро, ки бар асари заҳролудшавӣ ҳалок шуданд, нашр намуд.

Муҳоҷирони бар асари заҳролудшавӣ фавтида инҳоянд:

1. Саломов Идибек Мирзохуҷаевич, таваллудаш 4-уми апрели соли 1992.

2. Файзиддинов Нуридин Айнидинович, таваллудаш 4-уми марти соли 1985.

3. Кабутов Саидакрам Хусниддинович, таваллудаш 17-уми феврали соли 2000.

4. Муҳаммадҷони Раҳмоналӣ, таваллудаш 7-уми феврали соли 2000.

5. Файзиддинов Қобилҷон Комилҷонович, таваллудаш 13-уми марти соли 2001.

6. Файзиддинов Қосимҷон Комилҷонович, таваллудаш 4-уми июли соли 2002.

Бинобар инттилои расида, муҳоҷирони фавтида зодагони ноҳияи Ҷайҳун будаанд.

Намояндагии Вазорати меҳнат таъкид намудааст, ки бо дарёфт кардани ин хабари нохушоянд бо мақомоти марбутаи Русия дар тамос шуда, дар ҳамбастагӣ бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Волгоград сафарбар шудаанд.

Тибқи тафтишот, 7 нафар зодагони хориҷӣ наздик ба қаламрави вилояти Волгоград барои анҷом додани корҳои зироаткорӣ омадаанд. Кумитаи тафтишотӣ дар вилояти Волгоград гуфтааст, ки рӯзи 26-уми январ яке аз ин афрод ба гармхона рафта, дар онҷо ҷасади шаш шиносашро пайдо карда, пас аз он мошини ёрии таъҷилӣ даъват шудааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби марги шаш нафар заҳролудшавӣ аз оксиди карбон будааст. Як нафари дигар, ки ҷасадҳоро ёфтааст, ба муассисаи тиббӣ интиқол дода шудааст.

Айни замон мақомоти тафтишотӣ пас аз марги шаш муҳоҷири тоҷик дар вилояти Волгоград парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.