Нони ӯзбекӣ ба феҳристи ЮНЕСКО шомил мешавад?

Иттиҳоди ошпазҳои Ӯзбекистон гуфтааст, ки ба ҷониби Ташкилоти СММ оид ба маориф ва фарҳанг ё ЮНЕСКО дар мавриди ба феҳристи мероси моддий ва ғайримоддии ҷаҳонӣ шомил кардани нони ӯзбекӣ пешниҳод ирсол кардааст.

Иттиҳоди ошпазҳои Ӯзбекистон гуфтааст, ки ба ҷониби Ташкилоти СММ оид ба маориф ва фарҳанг ё ЮНЕСКО дар мавриди ба феҳристи мероси моддий ва ғайримоддии ҷаҳонӣ шомил кардани нони ӯзбекӣ пешниҳод ирсол кардааст.

Акбар Умаров, раиси Иттиҳоди ошпазҳои Ӯзбекистон дар суҳбат бо  Агентии миллии хабаргузории ин кишвар ҳадаф аз ин иқдомро ҳифзи анъанаҳои миллии нонпазӣ  унвон кардааст. Ба гуфтаи вай, дар манотиқи мухталифи Ӯзбекистон садҳо намунаи нон омода мешавад, ки бо ҳунар ва санъати нонпазӣ аз ҳам фарқ мекунанд ва нодир ҳастанд.

Маҳз ба пешниҳоди ин ниҳод дар моҳи декбари соли 2016 дар иҷлосияи 11-уми ЮНЕСКО дар шаҳри Аддис-Абеба, пойтахти Ҳабашистон оши палав ба феҳристи мероси моддӣ ва ғайримоддии ин созмон ворид шуда буд.

То ба ҳол бо пешниҳоди Ӯзбекистон “Муҳити фарҳангии Бойсун”, “Шашмақом”, “Таронаи калон” (“Катта ашула”) ва “Иҷрои аския” ба феҳристи мероси моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *