НОРАК: Телевизори “Старсат”-ро дӯздиданд

Ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 2-юм ба 3-юми сентябри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди нуқтаи истироҳатгоҳ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норак шуда, аз он ҷо 1-адад оинаи нилгуни тамғаи “Старсат”, 1-адад таҷҳизоти мусиқии ҷилодиҳанда, 2-адад камераҳои мушоҳидавиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *