Нотаи Тоҷикистон ба Қирғизистон ба Эрлан Абдилбоев супорида шуд

Душанбе дар робита ба изҳороти котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба сафири ин кишвар дар Тоҷикистонро нотаи эътирозӣ супорид.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба сафир Эрлан Абдилбоев нотаи эътирозӣ дода шудааст. Мояи норозигии Душанбе, интиқоди ахири котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, Чингиз Кустебоев аз додани орден ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Русия Владимир Путин шудаст. Ӯ зимни шарҳе тақдими орденро дар пасманзари даргириҳои охири марзӣ мавриди танқид қарор додааст.

Ҷониби Тоҷикистон чунин шарҳу изҳоротро хилофи санадҳои ҷонибҳо хондааст, ки рӯзҳои 19 ва 25 сентябри соли равон дар пайи муноқишаҳои марзӣ имзо шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев 25 сентябри соли равон санади қатъи низоъ дар марзро ба имзо расонданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *