Нози Мокиён ва қаҳри Хурӯс. Дар миёна тухм ҳайрон аст

Чанде боз дар муомилаҳои Мокиёну Хурӯс мушкил афтодааст. Мокиён аз ҳад зиёд нозук, Хурӯс аз ӯ ҳам нозуктару дар ғазаб.

Ман, ки ҳар субҳ аз овози “ъу-ъу-ъу-ъу”-и хурӯсамон бедор мешудам, ин саҳар дар хоб мондам. Дери дер хестам. Аммо хурӯсу мокиён ҳам дар хоб монда будаанд. Вақте ба назди катаки онҳо наздик шудам, шоҳиди муҳовараашон гардидам…

МОКИЁН: Қут-қут-қут, худо гирад қувваву миёнатро, Хурӯс! Чӣ шуд, ки мисли пеш дигар қабл аз субҳдам фарёд намезанӣ?

ХУРӮС: Қут-қут, бева, бисёр воҳима накун. Шармам меояд аз нозоият. Аз афташ, ҳоло ҳам бедор нашудаӣ ва ё хумории хобӣ. Ба атроф назар кун. Ҳама ба ҳоли ман механданд. Фикр мекунанд, ки гунаҳгори ба 2 сомониву 50 дирам расидани тухми хонагӣ манам.

МОКИЁН: Иии, вай, вай, о, ту гунаҳгор набошӣ, кӣ гунаҳгор аст!? Ё ба умеди кишоварзон шуда мегардӣ? Онҳо дигар кор надоранд, ки саҳарҳо омада маро аз хоб бедор мекунанд? Охир, балот задаст, ки субҳи саҳар маро аз хоб бедор кунӣ, то аз пайи пушт пур кардан шавам?!

ХУРӮС: Бева, ту мондиву ҳамон кишоварзон! Кай дарк мекунӣ, ки дигар онҳо ҳам дар илоҷи кор бечора шудаанд? Ҳозир замони дигар. Дар бораи худи ҳамин тухм гап занем, ҳоло истеъмолаш аз бозори истеҳсолӣ чанд қадам пеш гузаштааст. Тухм бизнес шудагӣ. Шояд имрӯзҳо Вазорати кишоварзӣ ҳам ду даст пеши бар, розӣ бошад, ки ин самтро ба тобеияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо вогузоранд.

МОКИЁН: Ҳммм, бо ин пешниҳодат бозори истеъмолиро боз ҳам равнақ доданиӣ чӣ? Коре мекунӣ, ки маҳсулоти воридотӣ аз пештара бештар ворид гардаду фаъолияти бе ин ҳам чигили “Тоҷикстандарт” ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ бе тору пуду берабт шавад?

ХУРӮС: Хайр, ба фикри ту, боз чӣ кор кардан лозим?

МОКИЁН: Беҳтар нест, ки дар ин самт ягон ниҳоди дигар таъсис дода шавад? Масалан, Вазорати парандапарвариву чорводорӣ?…

ХУРӮС: Чӣ кори мешуданӣ аз дасти чунин вазорат меояд? Вазорати кишоварзӣ аз уҳдаи таъмини мо бо дон набаромада истодаасту вазорати навташкил сарашро ба кадом дар мезанад?

МОКИЁН: Ягон мушкил нест. Вазорати нав бо корхонаҳои омодасоии хӯроки парандаву чорво шартнома мебандаду шояд баъди ин бори гарони Вазорати кишоварзӣ андаке сабук шавад. Корхонаҳои хӯроки парандаву чорво бошанд, бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва Вазорати кишоварзӣ шартнома мебанданд барои истеҳсоли алафу донагӣ. Як паҳлуи бори вазнин аз дӯши Вазорати кишоварзӣ ки афтод, сабук ва танҳо ба кишоварзӣ машғул мешавад. Баъд, мебинӣ, ки ман ҳам аз азоби алиму кӯфти роҳ халос шуда, пушт пур кардан мегирам. Охир, худат шоҳидӣ, дар як деҳаи калон ба ғайр аз бобои Сафарбек ягон кас гандум кишт накардааст. То ду километр масофаро тай карда, ба замини ӯ рафта меоям, ки кафи панҷаҳоям торс-торс мекафад. Ҳамон дони хӯрдагият ҳам ошӣ намекунад. Худат медонӣ ку, соҳибамон Салимбой бо зану бачу качаш қуттии гандумгирияшонро фақат бӯй мекашанд. Бовар дорам, дар ин чанд соли охир, ки ба умеди як бачаи муҳоҷирашон даст дар киса мегарданд, қуттияшон бӯйи гандум ҳам намекунад. Ҳамин себи пӯсидаву пӯсти картошка ва дилаи каду ба дилам зад. Дидан замон, ҳатто начашида, шикамам дард мекунад. Бо ин ҳол, интизорӣ, ки ҳар рӯз тухм орам?

ХУРӮС: Қут-қут, оҳиста, боз эътирозат ба гӯши соҳиб нарасад, ки пагоҳ ба бозор бурда мефурӯшад ё мекушад! Туро мефурӯшаду аз доду войу миннатат халос мешавад. Ман ду рӯз пеш суҳбати ӯро бо ҳамсараш шунидам. Ҳавас мехӯрд, ки USAID дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон ба хонаводаҳо барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва устуворӣ ба оқибатҳои болоравии нархи ғизо мурғҳои ройгон тақсим кардааст. Тавассути ин иқдом аллакай 14 хонавода дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар маҷмуъ 280 мурғ (20 адад барои 1 хонавода) гирифтаанд. Ба ҳисоби миёна, ҳар як хоҷагӣ дар як рӯз 16 дона тухм гирифта, оилаҳои худро бо хӯроки серғизо таъмин карда ва даромади худро низ боло мебурдаанд. Ба фикрам, барои Салимбой ин иқдом чораи алтернативӣ шудагист…

МОКИЁН: Қут-қут-қут, Салимбойат хестаст, ки хоб аст. Як ману туро бо дон таъмин карда наметавонаду аз уҳдаи нигоҳубини 20 мурғи USAID мебарояд! Ин як. Дигар ин ки, медонам ҳамон мурғҳои ниммурдаву тоҷҳояшон каҷи тақдимшударо. Як бор санҷида бароянд, инкубаторӣ будани ҳамааш маълум мешавад. Мурғҳои инкубаторӣ барои мардум тухме мекунанд, ки хӯрда, ҳузур бинанд? Хуб зӯр зананд, мисли ҳамин тухмҳои бенуре бор меоранд, ки имрӯзҳо нархи як донааш ба 1 сомониву 80 дирам расидааст. Агар мисли ман картошкаву сабзиву себ хӯранд, шояд ҳамааш тухмҳое оранд, ки мардум “тухми хурӯс” мегӯянд. Аммо ҳамин тухмҳои хурдакак ҳам қиммат шудаанд — 1 сомониву 50 дирам! Барои ҳамин, баҳонаҳои зукоми мурғ ва сабабҳои куштану қир сохтани онҳоро аз сар дур намуда, пайи шикамашонро сер кардан шудан лозим. Мегӯянд ку, “шиками сер, қуввати кор”. Агар шиками ман сер шавад, чун пештара, бе нозу нуз ҳар рӯз тухм меораму нарх поин меравад. Ту сер шавӣ, аз қаҳрат мефароӣ, “қут-қут”-ро мепартоиву мисли пеш фарёд мезанӣ. Чӣ хел буд садоят? Як бор фарёд зан ку!

ХУРӮС: Ъу-ъу-ъу-ъу! Ъу-ъу-ъу-ъу…

Садои гӯшхароши занги соат бедорам кард. Донистам, ки то ин вақт хоб будаам. Аз хоби дидаи печида ҳайрон шудам. Чӣ таъбир дошта бошад он?

Фазлиддин АСОЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.