Нурулло Алиев ба лигаи UFC роҳ ёфт

Нурулло Алиев, ки то имрӯз дар ММА бо 6 пирӯзӣ (6-0) дар сархати ҷадвали ғолибони вазни миёна қарор дошт, ин дафъа барои роҳ ёфтан ба UFC бо Ҷош Вики вориди октагон гардид.

Нурулло дар раунди аввал ҳарифашро аз пой афтонд ва ғалабаи комил ба даст овард.

Акнун, Нурулло Алиев расман ба тими UFC пайваст ва аввалин тоҷик аз Тоҷикистон аст, ки дар ин лига кишвари моро намояндагӣ хоҳад кард.

Нурулло Алиев 22 сол дошта, зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ мебошад. Ӯ аз хурдӣ ба варзиш, аз ҷумла гӯштини тарзи озод, самбои размӣ шавқу рағбат доштааст.

Возможно, это изображение 3 человека и текст

Ҳамин тавр, пас аз тамрину машқҳо ӯ ба дарёфти унвони Қаҳрамони Осиё дар риштаи самбои размӣ ва Қаҳрамони ҷаҳон оид ба панкратион (ду дафъа) даст ёфтааст. Ҳоло дар  Русия кору фаъолият дошта, ҳамеша дар мусобиқаву қаҳрамониҳо парчами Тоҷикистонро баланд мебардорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.